2 июли соли 2024 дар доираи мулоқотҳои дуҷонибаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ тими иқтисодии кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо вазири федеролии молияи Швейтсария Карин Келлер-Зуттер ва раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ аз натиҷаҳои ҳамкории беш аз 25-солаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, қайд гардид, ки Бонки миллии Швейтсария тайи ин муддат дар рушди самтҳои муҳимтарини низоми бонкӣ, аз ҷумла фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бахшҳои идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва идоракунии хавфҳои амалиётӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Дар идома ҷонибҳо инчунин доир ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои дигари судманд, аз ҷумла ҷалби сармояи Конфедератсияи Швейтсария ва технологияҳои муосири он ба рушди дигар соҳаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 4681
02.07.2024