Мулоқот бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ахбор

Мулоқот бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико


Санаи 8 июли соли равон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл П.Микаллер масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.

NBTL6703+1.jpg

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар, муътадилии сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ ҳарф зада, доир ба як қатор масъалаҳо, аз қабили таҳкими суботи молиявӣ, зиёд кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани муқаррароти СБҲМ ва арзёбии сифати аудити дохилӣ, ки зимни татбиқи се марҳилаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯи лоиҳаи “Баланд бардоштани тамомияти молиявӣ ва таҳкими суботи молиявӣ ва дастрасӣ дар Тоҷикистон” ҷой доштанд, мубодилаи афкор намуданд. Қайд гардид, ки айни замон кор дар самти таҳияи марҳилаи чоруми кумаки техникӣ, ки ба беҳтар кардани мониторинг, таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ равона шудааст, идома дорад.

NBTL6601.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода изҳор намуд, ки ҳамкорӣ дар самти ҷалби кумаки техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати нигоҳ доштани субот дар бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ, беҳтар кардани сиёсати макропруденсиалӣ ва арзёбии хавфҳои низом, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзиму назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими назорати фаъолияти низоми пардохт ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 идома хоҳад ёфт.

NBTL6588.jpg

Ҷонибҳо инчунин оид ба рушди муносибатҳои байнибонкӣ миёни бонкҳои Тоҷикистон ва ИМА сухан ронда, омодагии худро барои ҳамкории судманду муколамаи ошкоро изҳор намуданд.

   

Шуъбаи матбуоти БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 5050

08.07.2024

Возврат к списку