Ахбор

Ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024


11 июли соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло Шодӣ, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон ва Бюроҳои таърихи қарз ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.

1.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода нахуст ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории худро баён намуда, иброз дошт, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ, дар давраи баррасишаванда пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуда, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.

Фирдавс Толибзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.

2.jpg

Бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва идора намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда истодааст. Қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбат ба сомонӣ дар ин давра ба андозаи 2,7 % устувор гардида, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 7,0% коҳиш ё раванди беқурбшавӣ дошт.

Зикр гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои қарзии ваколатдор тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. 

Инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, раванди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар тамоми нуқтаҳои қабули пардохтҳои хизматрасониҳои муздноки кишвар таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Сипас, роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон (директори департаменти назорати бонкӣ Абдуллоев З.Ҳ, директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Бояков З.Ғ, директори департаменти мониторинги молиявӣ Мирзоалиев Ҳ.С, директори департаменти технологияҳои иттилоотӣ Ғаниев Д.Б, директори департаменти низоми пардохт Салоҳиддинов Ш.К, сардори идораи суботи молиявӣ Қурбоналиева Н.М ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Муродалиев Д.У.) бо пешниҳоди рӯнамоҳо оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ суханронӣ намуданд.

3.jpg

Баъди шиносоӣ бо маълумоти пешниҳодгардида, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар алоҳидагӣ вобаста ба вазъи молиявии ташкилоти худ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назди роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Фирдавс Толибзода аз роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба мустаҳкам намудани заминаи сармоявии ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷрои саривақтии талаботи дастурамалҳо ва дастурҳои БМТ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, иҷрои саривақтии стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026, пешниҳоди қарзҳои “сабз”, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла ба бахши истеҳсолӣ ва истифодаи самаранок аз имкониятҳои ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифт. 

Дар навбати худ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло Шодӣ изҳор дошт, ки бо вуҷуди тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ дар фаъолияти бархе аз ташкилотҳои қарзӣ мушкилиҳо ҷой доранд, ки таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти ташкилотҳои қарзиро талаб менамояд.

4.jpg

Қосимзода Иноятулло қайд намуд, ки дар татбиқи самараноку муваффақонаи сиёсати иқтисодии давлату ҳукумат нақши низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ гардида, он дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад.

Дар идомаи ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода қайд намуд, ки ҷиҳати фаъолияти устувори низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, иҷрои саривақтии Стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузошташуда, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро таъмин намоянд. Илова бар ин, андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати васеъ намудани инфрасохтори зарурӣ барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ, мукаммал намудани таъминоти барномавӣ ва тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, андешидани чораҳои фаврӣ ва қатъӣ ҷиҳати таъмини бехатарии истифодаи воситаҳои пардохтӣ ва пешгирии амалҳои қаллобӣ, ба таври ҳатмӣ ҷорӣ намудани тадбирҳои ҳавасмандгардонии муштариён барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳама манотиқи кишвар, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва таъмини баробарии гендерӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зудтар фурухтани молу мулки ба гарав гирифташуда, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, андешидани тадбирҳо барои мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳои киберӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ва пайваста андешидани чораҳои зарурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар назди ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз вазифаҳои навбатӣ барои соли 2024 дониста мешаванд.

5.jpg

Дар интиҳо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода миннатдории кормандони низоми бонкиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии доимии низом дар рушди бемайлони иқтисодиёти кишвари маҳбубамон изҳор намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар таъмини рушди устувори иқтисоди Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 8449

11.07.2024

Возврат к списку