17 июли соли равон бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва шарҳу тавзеҳи онҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ҷамъомад доир гардид.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки “ҳамаи мо шоҳид будем, ки солҳои пеш сермасраф гузаронидани ҷашну маъракаҳо барои мардум душворӣ пеш меовард. Табиист, ки риоя ва эҳтироми ҷашну маросимҳои ниёгон зарур аст, вале он бояд мутобиқи талаби замон сурат гирад, то пеши роҳи исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастии беасос гирифта шавад. Аз ин рӯ, риояи талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳар яки мо масъулияти зиёдро талаб мекунад. Агар мо пойбанди таассубу хурофот нашуда, муқаррароти қонунро риоя кунем, он ба манфиати иқтисодии кишвар ва ҷомеа хоҳад буд”.
Қайд гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” низ муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кудак танзим намуда, ҳадафи он таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мебошад.
- Қабули қонуни мазкур ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи кӯдак, бахусус дар шароити пуртазоди муосир, масъулияти бештарро эҳсос намоем, - қайд намуд Г.Назирӣ.
Сипас, сармутахассиси идораи ҳуқуқ Абдураҳмон Сангов ва узви комиссияи ҷамъиятии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим Мақсуд Сафарзода вобаста ба тағйиру иловаҳои таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” суханронӣ намуданд.
Тариқи рӯнамо ба иштирокдорон оид ба тағйиру иловаҳои асосӣ, бандҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонун ва нишондиҳандаҳои омории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин уҳдадориҳои падару модар, муассисаҳои таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷамъомадро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшида, таъкид намуд, ки “…то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”. Бинобар ин, аз ҳар як корманди Бонки миллии Тоҷикистон тақозо мегардад, ки дар риояи талаботи қонунҳои мазкур масъул бошад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 5303
18.07.2024