Ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

Ахбор

Ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО


Дар Бонки миллии Тоҷикистон 16 июли соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), аз ҷумла вазорати адлия, хадамоти алоқа, инчунин намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори департаменти мониторинги молиявӣ Мирзоалиев Ҳ.С. (роҳбари Шуро) оғоз намуда, оид ба пешгирии пайомадҳои хавфҳои ҷойдошта дар низоми бонкии кишвар қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон фароҳам месозад дар ҳамоҳангӣ аз таҷрибаи пешрафта истифода барем.   

NBTL7096.jpg

Қайд карда шуд, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассос ва ҷаҳонишавӣ, рушди технологияву хизматрасонии гуногуни молиявӣ, инчунин таҳаввулоти вақтҳои охир, аз ҷумла паҳн шудани эълонҳои зиёди бардурӯғи ҳавасмандкунанда аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор бо мақсади гирифтани даромади осон водор месозад барномаҳои корӣ дар муддати кӯтоҳтарин таҷдид ва мизоҷони низоми бонкӣ аз ҳар гуна хавфҳо эмин нигоҳ дошта шаванд.

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ рӯнамо оид ба раванди санҷиши дахлдори муштарӣ тибқи талаботи Дастурамали №257 “Дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ”, маълумоти мухтасар оид ба чорабиниҳои гузаронидашуда дар самти тартиби кор бо рӯйхатҳои таҳримӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва корбарӣ дар ин самт ба иштирокдорон маълумоти мухтасар пешниҳод гардид.

NBTL7123.jpg

Дар ин раванд, таҷрибаи андӯхтаи ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСК “Алиф Бонк” дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО ва навгониҳои кории ташкилотҳои қарзии молиявии зикршуда пешкаш гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои рӯзнома мубодилаи афкор намуда, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ пешниҳодҳо манзур намуданд.

Қобили қайд аст, ки Шурои комплаенс мақоми машваратии байни мақоми ваколатдори МҚД/МТ/МПСҚО, мақоми танзим ва назорати давлатӣ дар ин самт ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда мебошад.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Telegram  Facebook

Диданд: 4415

17.07.2024

Возврат к списку