Курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

Ахбор

Курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО


Рӯзҳои 24-26 июли соли 2024 маркази омӯзишӣ-методии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (Департамент) дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб барои намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии ин минтақа курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор намуд.

расми 1.jpg  

Ҳадафи баргузории чорабинии омӯзишии мазкур баланд бардоштани савияи тахассуси кормандони низоми бонкӣ ба ҳисоб рафта, дар он зиёда аз 30 нафар намояндагони низоми бонкии кишвар, аз ҷумла кормандони бахши амалиётӣ, ки бевосита ба муштариён хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамоянд, ширкат варзиданд.

Дар курс аз тарафи лекторон-кормандони Департамент ба иштирокдорон оид ба ташаккули низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар, талаботи Дастурамали №257 дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар самти мазкур дар шакли рӯнамо маълумот пешниҳод гардид.

Расми 2.jpg

Иштирокдорон дар баробари табодули таҷриба тавассути иҷрои машқҳои амалӣ дониши андӯхтаи худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО такмил дода, дар интиҳои курси омӯзишӣ бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.   

Тибқи нақшаи кории Департамент дар назар аст, ки дар оянда чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баргузор карда шаванд.


Департаменти мониторинги молиявӣ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 3947

29.07.2024

Возврат к списку