7 августи соли 2024 тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №26/10-227 бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 баргузор мегардад.
Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори омма ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 резаахборро қабл аз баргузории нишаст нашр менамоем.
Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ
ва фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024
Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат амалӣ намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт чораҳои зарурӣ андешидааст.
Сиёсати монетарӣ
Таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок
Дар нимсолаи якуми соли 2024 сатҳи таваррум 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 1,3 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 1,6 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 4,0 фоиз ба амал омад.
Таварруми солона бошад, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (6±2 б.ф.) қарор дошта, 3,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 52 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 3,0 млрд сомонӣ баргузор кард. Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 982,7 млн сомониро ташкил менамоянд.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст қарор доштани сатҳи таваррум дар ин давра тадриҷан 0,75 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 9,25 фоизи солона муқаррар гардид.
Вазъи бозори дохилии асъор
Дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 2,7 фоиз устувор гардид. Дар ҳамин давраи соли 2023 ин нишондиҳанда 7,0 фоиз коҳиш ёфта буд.
Бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лираи Туркия 11,7 фоиз, тангаи Қазоқистон 3,7 фоиз, суми Ӯзбекистон 1,8 фоиз ва юани Чин 0,6 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.
Низоми бонкӣ
Афзоиши теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 30 июни соли 2024 дар маҷмуъ 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.
Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 899 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 18 адад зиёд мебошад.
Афзоиши ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоя
Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои моҳи июни соли 2024 ба 41,2 млрд сомонӣ ва 33,2 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мувофиқан 22,8 фоиз (ё 7,7 млрд.сомонӣ) ва 25,0 фоиз (ё 6,6 млрд.сомонӣ) зиёд мебошанд.
Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 30 июни соли 2024 ба 8,0 млрд.сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли 2023 ба андозаи 1,0 млрд сомонӣ ё 14,6 фоиз зиёд шудааст.
Бақияи пасандозҳо
То санаи 30 июни соли 2024 бақияи умумии пасандозҳо 21,1 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2023 24,1 фоиз зиёд мебошад.
Қобили қайд аст, ки аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи он бо пули миллӣ 61,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 38,9 фоизро ташкил намуд.
Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ 8,8 млрд сомонӣ ё 41,9 фоиз ва ҳиссаи шахсони воқеӣ 12,3 млрд сомонӣ ё 58,1 фоизро ташкил медиҳанд.
Ҳаҷм ва теъдоди қарзҳои додашуда
Тавре маълум аст, маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли 2024 маблағи 10,6 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 млрд сомонӣ ё 14,5 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 46,3 фоиз, кишоварзӣ 14,3 фоиз, савдои хориҷӣ 14,3 фоиз, саноат 11,9 фоиз, хизматрасонӣ 7,1 фоиз, сохтмон 3,5 фоиз ва дигар соҳаҳо 2,6 фоиз рост меояд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 32,0 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 3,4 млрд сомониро ташкил додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 7,9 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 24,0 фоиз зиёд мебошад.
Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,9 фоизро ташкил медиҳад.
Фаъолияти босуботи низоми бонкӣ
Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молияви низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ба санаи 30 июни соли 2024 21,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 9,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Меъёри пардохтпазирии низоми бонкӣ ба санаи 30 июни соли 2024 ба 80,6 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда 50,6 банди фоизӣ зиёд шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва танзиму назорати фаъолияти бонкӣ ташкилотҳои қарзии низомсоз (КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата”) ва ташкилоти қарзии эҳтимолан низомсоз (ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”)-ро барои соли 2024 муайян ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2024, №12 тасдиқ намуд.
Низоми пардохт
То санаи 30 июни соли 2024 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 7,6 млн ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 28,7 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давра шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 10,4 млн адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 39,0 фоиз афзоиш ёфтааст.
Барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ то санаи ҳисоботӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 7 939 POS-терминал насб гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2023 теъдоди онҳо 71,2 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 16,472 ҳазор QR–рамзи ягона насб карда шудааст.
Барои бо пули нақд таъмин намудани дорандагони кортҳои пардохтӣ нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ дар маҷмуъ 2 654 банкомат ва 3 597 терминали электронӣ дар хазинаҳои воҳидҳои сохтории бонкҳо насб карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2023 мувофиқан 36,3 фоиз ва 28,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасонӣ ба маблағи 12,8 млрд сомонӣ анҷом дода шудаанд. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ таносуби ҳиссаи амалиётҳои гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 75 фоиз ба 25 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ 8,4 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Муроҷиати шаҳрвандон
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва иҷрои он пайваста зери назорати қатъии Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Вобаста ба ин, дар давраи ҳисоботӣ 832 муроҷиат, аз ҷумла 460 адад тавассути телефони боварӣ, 225 адад тариқи қабули бевоситаи шаҳрвандон, 132 адад тариқи хаттӣ (аризаҳо) ва 15 адад тариқи почтаи электронӣ ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки дар умум ҳамаи онҳо дар сатҳи зарурӣ баррасӣ гардида, ҳалли худро ёфтаанд.
Бояд қайд кард, ки аз 832 муроҷиати воридшуда 705 муроҷиат ё 84,7 фоиз масъалаҳои марбут ба фаъолияти низоми бонкӣ ва боқимонда 127 адад ё 15,3 фоиз масъалаҳои ба низоми бонкӣ мансубнабударо дар бар мегиранд.
Сиёсати кадрӣ
Ҷалби бонувон ба муассисаҳои низоми бонкӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба масъалаи ҷалби бештари занону духтарони соҳибтахассус ва соҳибтаҷриба ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳо диққати махсус медиҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то санаи ҳисоботӣ шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 19'824 нафарро ташкил намуд, ки аз ин 8'069 нафарашро бонувон (ё 40,7 фоиз аз ҳаҷми умумӣ) ташкил дода, шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 763 нафар зиёд мебошад.
Аз ин шумора 7'531 нафар зан ҳамчун кормандони фронт-офис фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии бонувони дар низоми бонкӣ фаъолияткунанда 538 нафар ба бахши роҳбарикунанда рост меояд (19,6 фоизи шумораи умумии вазифаҳои роҳбарикунанда дар низоми бонкӣ).
Рушди низоми суғурта
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 16 ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла 1 ташкилоти суғуртавии давлатӣ ва 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ бо 66 филиалҳои худ ба аҳолии ҷумҳурӣ хизматрасониҳои суғуртавиро пешниҳод намуданд.
Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2024 нишон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии соҳа раванди афзоиш доштанд, аз ҷумла дороиҳои низом нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз, сармоя 1,0 фоиз, сармояи оинномавӣ 15,5 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 5,8 фоиз, мукофотҳои суғуртавӣ 2,2 фоиз, пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ 31,0 фоиз, сармоягузориҳо 22,2 фоиз, пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 61,3 фоиз ва андозҳои пардохтшуда 31,7 фоиз зиёд гардиданд.
Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба ММД 1,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2023 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Миқдори умумии шартномаҳои басташудаи ташкилотҳои суғуртавӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 974 199 адад баробар шуд.
Нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳои (RоA) ташкилотҳои суғуртавӣ дар интиҳои давраи ҳисоботӣ 10,4 фоиз ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (RоE) 19,1 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мувофиқан 1,2 ва 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Робитаҳои байналмилалӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сармояи хориҷӣ бо чунин ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Дар давраи ҳисоботӣ рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати байналмилалии рейтингии “Standart&Poor’s” бо баҳои кишвар дар сатҳи “B-/B” бо дурнамои “устувор” тасдиқ карда шуд.
Дар ҳамин давра Шурои мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор Барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI)-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд. Барномаи мазкур ба муҳлати 22 моҳ барои Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба нигаҳдории устувори макроиқтисодӣ, таҳкими асосҳои сиёсии мақомоти кишвар ва дастгирии талошҳои онҳо дар самти таъмини рушди нисбатан устувору фарогир равона мегардад.
Қайд намудан зарур аст, ки ҷалби бештари сармояи дохилӣ ва хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ба низоми бонкии кишвар 1 676,0 млн доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 63,8 фоиз зиёд мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулӣ, пурзӯр намудани танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва ба ин васила нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 3388
05.08.2024