Шарҳи мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2024

Ахбор

Шарҳи мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2024


12 феврали соли 2025 мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

01.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс зимни маърӯза изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2024 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, инчунин Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат амалӣ намуд.

Дар соли 2024 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (6±2 б.ф.) ҷамъбаст гардида, 3,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.

Баҳри танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 120 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 12,0 млрд сомонӣ баргузор гардид. Дар баробари ин, аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,1 млрд сомониро ташкил намуданд.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, инчунин поёнтар аз доираи ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум дар соли 2024 тадриҷан 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар гардид.

02.jpg

Қайд гардид, ки дар соли ҳисоботӣ қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар соли 2024 ба андозаи 0,2 фоиз устувор гардид. Бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА тағйир ёфтанд. Аз ҷумла қурби соми Қирғизистон 2,3 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 19,7 фоиз, тангаи Қазоқистон 15,2 фоиз, рубли Федератсияи Россия 13,4 фоиз, рубли Белорус 9,3 фоиз, суми Ӯзбекистон 4,7 фоиз ва юани Чин 1,5 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 31 декабри соли 2024 дар маҷмуъ 65 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 23 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд. Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ ба 1 928 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 31 адад зиёд мебошад.

Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2024 ба 47,5 млрд сомонӣ ва 38,5 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2023 мувофиқан 26,0 фоиз (ё 9,8 млрд сомонӣ) ва 27,0 фоиз (ё 8,2 млрд сомонӣ) зиёд мебошанд.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 9,0 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ ба андозаи 1,6 млрд сомонӣ ё 21,8 фоиз зиёд шудааст.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2024 бақияи умумии пасандозҳо 25,5 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ 31,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо аз рӯи ҳисса бо пули миллӣ 60,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 39,5 фоизро ташкил намуд. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ 11,1 млрд сомонӣ ё 43,5 фоиз ва ҳиссаи шахсони воқеӣ 14,4 млрд сомонӣ ё 56,5 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар соли 2024 ҳаҷми қарзҳои додашуда 24,6 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 5,6 млрд сомонӣ ё 29,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 47,1 фоиз, савдои хориҷӣ 14,6 фоиз, кишоварзӣ 12,7 фоиз, саноат 12,4 фоиз, хизматрасонӣ 6,9 фоиз, сохтмон 3,9 фоиз ва дигар соҳаҳо 2,3 фоиз рост меояд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 31,1 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 7,6 млрд сомониро ташкил додааст. Дар соли ҳисоботӣ ба маблағи 17,8 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 31,3 фоиз зиёд мебошад.

03.jpg

Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 22,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 бо пули миллӣ 1,1 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,1 банди фоизӣ паст шудааст.

Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ маблағи 21,4 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба интиҳои соли 2023 ба маблағи 3,5 млрд сомонӣ ё 19,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ба санаи 31 декабри соли 2024 21,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 9,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки ба санаи 31 декабри соли 2024 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 8,4 млн ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 25,7 фоиз зиёд мебошад. Шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 12,1 млн адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 38,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба санаи ҳисоботӣ барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 11 955 терминали электронӣ насб карда шудааст, ки аз онҳо 5 530 POS-терминал махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 19 918 QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки 3 161 адади он махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронии муштариён аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва агентҳои бонкии пардохтии онҳо дар маҷмуъ зиёда аз 9,1 ҳазор терминали худкор дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насб карда шуданд.

Дар соли 2024 бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 92,4 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 млрд сомонӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2023 аз рӯи шумора 61,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 95,3 фоиз афзоиш ёфтанд. Таносуби ҳаҷми амалиётҳои гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 73,8 фоиз ба 26,2 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ ҳиссаи амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ 6,6 банди фоизӣ зиёд гардид.

04.jpg

Қайд гардид, ки ба интиҳои соли 2024 дар ҷумҳурӣ 16 ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла 1 ташкилоти суғуртавии давлатӣ ва 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ бо 66 филиал ба аҳолии ҷумҳурӣ хизматрасониҳои суғуртавиро пешниҳод намуданд.

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар соли 2024 нишон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии соҳа раванди афзоиш доштанд, аз ҷумла дороиҳои низом нисбат ба соли қаблӣ 10,5 фоиз, сармоя 19,6 фоиз, сармояи оинномавӣ 45,1 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 2,5 фоиз, пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ 26,6 фоиз, сармоягузориҳо 32,7 фоиз, пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 37,0 фоиз ва андозҳои пардохтшуда 24,4 фоиз зиёд гардиданд.

Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 1,7 фоизро ташкил дода, нисбат ба ММД ба андозаи 0,6 фоиз баробар шуд.

05.jpg

Вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ 1 568 муроҷиат, аз ҷумла 794 адад тавассути телефони боварӣ, 519 адад тариқи қабули бевоситаи шаҳрвандон, 230 адад тариқи хаттӣ (аризаҳо) ва 25 адад тариқи почтаи электронӣ ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки дар умум ҳамаи онҳо тибқи тартиби муқарраршуда ҳалли худро ёфтанд.

Зимнан қайд гардид, ки БМТ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Дар соли 2024 ба низоми бонкии кишвар ба маблағи 4,2 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ (қарз, сармоягузориҳои мустақим ва дигар намуди сармоягузориҳо) ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 88,7 фоиз зиёд мебошад.

06.jpg

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳо оид ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, захираҳои байналмилалӣ, меъёри бозтамвил, таваррум, криптоасъор, бонкдории исломӣ, тадбирҳо оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ, фоизи қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷамъбасти нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкӣ изҳори сипос намуд ва барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 19512

12.02.2025

Возврат к списку