Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ доир ба таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад. Рейтинг соле як бор дода мешавад. Аз ҷумла, соли 2023 агентии рейтингии S&P Global Ratings ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги «B-/В»-ро бо дурнамои “устувор” сазовор дониста буд.
Инак, 16 августи соли 2024 агентии рейтингии S&P Global Ratings рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B-» то «B» бо дурнамои “устувор” бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ баланд бардошт.
Ба болоравии рейтинг омилҳои зерин, аз қабили рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир, интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 3482
17.08.2024