Семинар дар мавзуи “Методҳои ҳисобҳои актуарӣ барои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ”

Ахбор

Семинар дар мавзуи “Методҳои ҳисобҳои актуарӣ барои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ”


Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти хазинадории ИМА барои кормандони ташкилотҳои суғуртавии кишвар дар доираи кумаки техникӣ ҳафтаи сипаригашта дар мавзуи “Методҳои ҳисобҳои актуарӣ барои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ” машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор намуд.

01.jpg

Ҳисобҳои актуарӣ яке аз унсурҳои асосии фаъолияти суғуртавӣ ба ҳисоб рафта, тавассути ҳисобҳо ва таҳлилҳои оморӣ танзиму ҷобаҷогузории захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ амалӣ мегардад.

Дар таҷрибаи низоми суғуртаи кишвар истифода шудани ҳисобҳои актуарӣ яке аз мақсадҳои асосии ислоҳоти соҳа арзёбӣ гардида, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ дар ин самт корбарӣ менамояд.

Дар машғулиятҳои омӯзишӣ, ки дар онҳо сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавӣ иштирок доштанд, лоиҳаи шакли нави тавозуни муҳосибии ташкилотҳои суғуртавӣ барои иштирокдорон муаррифӣ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории машғулиятҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони ташкилотҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ

Диданд: 2959

26.08.2024

Возврат к списку