Ахбор

Иштироки муовини якуми раиси БМТ дар ҷаласаи умумии солонаи AFI


Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин рӯзҳои 1-5 сентябри соли равон дар ҷаласаҳои Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ (AFI), ки дар шаҳри Сан-Салвадори Ҷумҳурии Салвадор баргузор гардид, иштирок намуд.

1.1 Salvador.jpg

Дар доираи Форуми мазкур ҷаласаи умумии солонаи AFI, ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ, ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) ва як қатор вохӯриҳои дуҷониба гузаронида шуда, масъалаҳои марбут ба сиёсати инноватсионӣ барои фарогирии ҷаҳон, баробарии гендерӣ, рақамикунонӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо мубодилаи таҷрибаю ғояҳо, моделу амалияҳои сиёсати инноватсионие, ки ба фарогирии муваффақ ва таъсирбахши молиявӣ мусоидат мекунанд, инчунин ҳавасмандгардонии кишварҳои аъзои AFI дар самти татбиқи сиёсати инноватсионии фарогир дар кишварҳои аъзо мебошад.

Дар рафти чорабинӣ эълон гардид, ки соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои ду гурӯҳи кории AFI (хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (DFSWG) ва стратегияи фарогирии молиявӣ (FISPLG) гузаронида мешаванд.

1.3 Salvador.jpg

Қобили қайд аст, ки дар доираи кори Форум муовини якуми раиси БМТ Шарифзода Ф.Ҳ. бо намояндагони воситаи ахбор мусоҳиба анҷом дода, вобаста ба дастовардҳои ноилгардида дар доираи стратегияи фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон, иқтидори хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва қадамҳои минбаъда дар татбиқи ислоҳот дар низоми молиявӣ баҳри таъмини рушди фарогир ва босуботи бахши молиявӣ суханронӣ намуд.

Ёддовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб узви Алянси фарогирии молиявӣ мебошад.

 

Шуъбаи матбуоти 
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 5052

05.09.2024

Возврат к списку