Ахбор

Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Алянси фарогирии молиявӣ ва ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ


Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин дар ҷаласаи 14-уми ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) иштирок намуд.

Дар ҷаласаи ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти Алянси фарогирии молиявӣ ва ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пас аз баргузории Форуми глобалии сиёсат дар шаҳри Манилаи Филиппин, нақшаи кории ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои солҳои 2024-2028 (марҳилаи II), таҷдиди оинномаи ECAPI ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардиданд.

1.4 Salvador.jpg

Инчунин, дар доираи чорабиниҳои Форуми глобалии сиёсати Алянси фарогирии молиявӣ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои кории “Васеъ намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муносибат дар бозор (CEMCWG)”, “Маълумот дар бораи фарогирии молиявӣ (FIDWG)”, “Стратегияи сиёсати фарогирии молиявӣ (FISPWG)” ва “Маблағгузории корхонаҳои хурду миёна (SMEFWG)” иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласаи 28-уми Гурӯҳи корӣ оид ба васеъ намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муносибат дар бозор дар хусуси ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон хизматрасониҳои молиявӣ, имконият ва мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт муҳокимаронӣ сурат гирифта, иқдомҳои минбаъда муайян карда шуданд. Илова ба ин, аз ҷониби бонкҳои марказии Малайзия, Уганда, Салвадор, Гондурас ва Филиппин рӯнамоҳо дар мавзуи дахлдор пешниҳод гардиданд.

Инчунин, дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ вобаста ба маълумоти фарогирии молиявӣ масъалаҳои пешбурди омори нишондиҳандаҳои асосии фарогирии молиявӣ, методологияҳои андозагирӣ, моделҳои сиёсати фарогирии молиявӣ аз таҷрибаи кишварҳои аъзои AFI баррасӣ гардида, оғози фаъолияти зергурӯҳ вобаста ба таъсиси “Равзанаи ягонаи иттилоотӣ баҳри дастрасии маълумот” эълон карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи 25-уми Гурӯҳи стратегияи сиёсати фарогирии молиявӣ Ҷумҳурии Салвадор таҷрибаи худро дар татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2021-2024 ва ташаббусҳои минбаъда дар ин самт муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ аз ҷониби аъзои AFI, таҳияи стратегияҳои фарогирии молиявии навбатӣ, гузариш ба стратегияҳои миллии устувори фарогирии молиявӣ (SNFIS) ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласаи 23-юми Гурӯҳи корӣ оид ба маблағгузории корхонаи хурду миёна мубодилаи таҷриба вобаста ба масъалаҳои сиёсати маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, самаранокии бозор, соҳаҳои афзалиятнок, механизмҳои алтернативии маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, инфрасохтори қарз, заминаи ҳуқуқии танзими он сурат гирифт. Илова ба ин, оид ба раванди фаъолияти зергурӯҳҳо дар самти анҷом додани тадқиқот ва дастовардҳои илмӣ маълумот дода шуда, қадамҳои минбаъда муайян карда шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар Форуми мазкур иштирокдорони барномаи “Бонкдории бонувони ҷаҳон”, “Пешбурд ва гуногунӣ барои танзимгарон 2024 (Women’s World Banking Leadership Diversity Program for Regulators 2024)” бо лоиҳаҳои худ баромад намуданд.

1.5 Salvador.jpg

Дар чорабинии мазкур намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон низ лоиҳаи худро дар мавзуи “Тавсеа бахшидани дастрасии занони соҳибкор ба фишангҳои молиявӣ” муаррифӣ карда, аз ҷониби ташаббускорони “Бонкдории бонувони ҷаҳон” бо сертификат сарфароз гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар 7 гурӯҳи кории Алянси фарогирии молиявӣ, аз ҷумла васеъ намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муносибат дар бозор (CEMCWG), хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (DFSWG), маълумот дар бораи фарогирии молиявӣ (FIDWG), стратегияи сиёсати фарогирии молиявӣ (FISPLG), таносуби стандартҳои ҷаҳонӣ (GSPWG), маблағгузории сабзи фарогир (IGFWG) ва маблағгузории корхонаҳои хурду миёна (SMEFWG) аъзо мебошад.

Қобили қайд аст, ки таҷрибаи андӯхта аз иштирок дар гурӯҳҳои зикргардида имкон медиҳад, ки навгониҳо ва ташаббусҳои байналмилалӣ дар татбиқи амалии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 истифода шаванд.

Шуъбаи матбуоти 
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 5398

05.09.2024

Возврат к списку