Ахбор

Мулоқоти муовини якуми раиси БМТ бо як қатор роҳбарони бонкҳои марказӣ дар Салвадор


Дар доираи чорабиниҳои Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин бо Президенти Бонки марказии захиравии Салвадор Лик Дуглас Пабло Родригес, раиси Бонки марказии Покистон Ҷамил Аҳмад ва муовини раиси Бонки марказии Шри-Ланка Муҳамед Аҳмед вохӯрӣ анҷом дод.

photo_2024-09-05_07-20-10.jpg

Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешрафтаи низоми бонкӣ, аз ҷумла рушди маблағгузории сабз, масъалаҳои инноватсионии гендерӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, афзоиш додани иқтидори рушди низоми хизматрасониҳои рақамӣ суҳбат карда, истифодаи таҷрибаи пешрафтаро вобаста ба таҳкими иқтидори кадрӣ дар самти татбиқи амалии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

photo_2024-09-05_07-20-00.jpg

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Ф.Ҳ. дар фарҷоми мулоқот аз ҳамсуҳбатони худ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ даъват ба амал оварда, ҳамзамон таъкид намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро ҷиҳати кушодани бонк ё намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ муҳайё намудааст.

 

Шуъбаи матбуоти 
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 5642

05.09.2024

Возврат к списку