Истиқлолияти давлатӣ нишоне аз худшиносии миллист!

Ахбор

Истиқлолияти давлатӣ нишоне аз худшиносии миллист!


Санаи 6 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, муовини раис Икромӣ Сироҷиддин Салом ва кормандони бонк ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи бошукӯҳи идона баргузор гардид.

NBTL8966[1].jpg

Дар оғоз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуда, қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар давлату миллат азизу муқаддас буда, бузургтарин дастовард ва далел аз худшиносии милливу ватандорист.

Баъдан, дар маросими тантанавӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони бонк Сайдвалиева О.С, Абдулваҳҳобов С.С ва Муродалиев Д.У. мукофотҳои давлатӣ: медалҳои “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорнома”-ро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки мутахассисон минбаъд низ неруи зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малакаи худро барои пешрафти Ватани азизамон равона месозанд.

NBTL8985[1].jpg

NBTL8976[1].jpg

Сипас, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуда, қайд кард, ки дар таҳкиму тақвияти дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ асосҳои ҳуқуқии давлатдориро устувор ва самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоиро муайян намуд ва кишварамон имрӯз ба давлати ободу шукуфон табдил ёфтааст. Дар ин замина, низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ташаккул ёфта, ҳамгироии худро бо низоми умумиҷаҳонии бонкӣ тақвият бахшидааст. Имрӯз дар низоми бонкии Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва усулҳои муосири пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ ҷорӣ гардида, қонунгузории соҳаи бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа вобаста ба талаботи замон такмил дода мешаванд.

NBTL8989[1].jpg

NBTL9001[1].jpg

- Мо кормандони низоми бонкии мамлакат бояд таъмини рушди низоми бонкиро ҳадафу мароми худ қарор дода, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ, ободию тараққиёти кишвар ва зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд, сармашқи кори худ қарор диҳем, - таъкид намуд Толибзода Ф.Н.

NBTL9085[1].jpg

NBTL8954.JPG

Дар рафти чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли бонк барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкӣ ва рафтори намунавӣ ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон”, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

NBTL9099[1].jpg

NBTL9163[1].jpg

Дар чорабинии мазкур инчунин аз ҷониби роҳбарияти бонк ғолибони мусобиқаи футболи хурд байни воҳидҳои сохтории БМТ бахшида ба таҷлили ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфа ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

NBTL9208[1].jpg

Дар интиҳо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. бори дигар аҳли нишастро бо ҷашни бузурги миллӣ муборакбод намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамеша баҳри ободию сарсабзии Ватани худ талош намоянд, зеро танҳо ба ин васила мустақилият, осоиштагӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин мегардад.

Шуъбаи матбуот

Диданд: 4990

06.09.2024

Возврат к списку