Дар Форуми глобалии сиёсати фарогирии молиявӣ, ки дар шаҳри Сан-Салвадор баргузор гардид, намояндагони бонкҳои марказӣ, вазоратҳои молия, танзимгарони молиявӣ, мақомоти муқарраркунандаи стандартҳо, созмонҳои байналмилалӣ, пешбарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ширкатҳои технологӣ, операторони шабакаҳои мобилӣ, платформаҳои пардохтӣ, тадқиқотчиён ва коршиносони техникӣ ширкат варзиданд. Дар Форум ҳайати Бонки миллии Тоҷикистонро муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин роҳбарӣ намуд.
Дар чорабинӣ муколамаи сатҳи баланд ва мубодилаи таҷриба анҷом дода шуда, масоили имкониятҳо барои таҳияву такмили стратегияҳо ва сиёсатҳои миллии фарогирии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Форуми соли 2024 зери шиори “Инноватсия барои ҷаҳони фарогир” гузаронида шуда, ҳадафи баргузории Форум табодули таҷриба оид ба масъалаҳои таҳияи стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ ва пешбурди сиёсатҳои миллии фарогирии молиявӣ аз ҷониби танзимгарони аршади молиявӣ ба ҳисоб меравад.
Пас аз чорабинӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Ф. Ҳ. бо директори иҷроия ва котиби Раёсати AFI доктор Алфред Ханниг мулоқот намуд
.
Дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои декларатсияи Майя, татбиқи амалии стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон, маблағгузории сабз, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар самтҳои вобаста ба фарогирии молиявӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз доктор Алфред Ханниг ҷиҳати ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Маврид ба зикр аст, ки дар фарҷоми Форум муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок намуда, ба ғолибон аз руйи номинатсияи AFI Финтех -2024 мукофот супорид.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2856
07.09.2024