Ахбор

Посух ба мақолаи Радиои Озодӣ “300 ҳазор доллари ман куҷо шуд?”


Вобаста ба мавзуи мақола пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон довталабонро барои гирифтани шаҳодатномаи мудирони махсус ва ё барҳамдиҳанда аз санҷиши тахассусӣ гузаронида, дар ҳолати ҷавобгӯ будан ба онҳо шаҳодатнома медиҳад ва зимни оғоз гардидани раванди барҳамдиҳӣ руйхатро ба суд барои таъиноти минбаъда пешниҳод менамояд.

Тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” аз лаҳзаи аз ҷониби суд таъин шудани мудири махсус ва ё барҳамдиҳанда, ҳамаи ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ ба мудири махсус мегузаранд. Барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ бошад раванди судӣ буда, Бонки миллии Тоҷикистон ваколати ба он дахолат карданро надорад. Бо ин мақсад судҳо феҳристи талаботи қарздеҳонро тасдиқ намуда, тартиби қонеъ намудани онҳоро назорат мебаранд.

Боиси тазаккур аст, ки баргардонидани маблағҳои пасандози шаҳрвандон аз фурӯши дороиҳои ташкилотҳои қарзии дар раванди барҳамдиҳӣ қарордошта вобастагӣ дорад. Бинобар ба дороиҳои пардохтпазир (пулӣ) мансуб набудани қисми зиёди дороиҳои бонкҳои мазкур, мудирони махсус имкони якбора пардохт намудани ҳамаи маблағҳои пасандозгузоронро надоранд. Инчунин, тибқи таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи талаботи қарздеҳони бонкҳо ҳар се моҳ тасдиқ карда шуда, мудирони махсус пардохти уҳдадориҳои бонкро аз ҳисоби фуруши молу мулк, бозгашти қарзҳо ва дигар дороиҳои бонк мутобиқи талаботи моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, аз рӯи навбатҳои дахлдор ва имкониятҳои молиявӣ амалӣ менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар давраи фаъолияти мудири махсуси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (04.06.2021 то 30.06.2024) маблағи пасандоздорон ба 212,5 млн сомонӣ кам шуда, бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 113,9 млн сомонӣ баробар гардид.

Дар давраи фаъолияти мудири махсуси ҶСК “Агроинвестбонк” (07.06.2021 то 30.06.2024) маблағи пасандоздорон ба 194,5 млн сомонӣ кам шуда, бақияи пасандозҳо шахсони воқеӣ ба 480,1 млн сомонӣ баробар гардид.

Дар давраи фаъолияти мудири махсуси ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” (03.03.2017 то 30.06.2024) маблағи пасандоздорон ба 241,9 млн сомонӣ кам шуда, бақияи пасандозҳо шахсони воқеӣ ба 27,7 млн сомонӣ баробар гардидааст.

Вобаста ба ҶСК "Фононбонк" бояд гуфт, тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017, дар фаъолияти ҶСК "Фононбонк" барҳамдиҳии маҷбурӣ татбиқ шуда, дар он мудири махсус таъин гардидааст ва ҳамаи муносибатҳои ҳуқуқии амалӣ намудани раванди муфлисшавии ташкилоти қарзии номбурда дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” пурра ба танзим дароварда шуд. Ва дар асоси Таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 30 майи соли 2022, №1-80/21 раванди муфлисшавии ҶСК “Фононбонк” ва ваколатҳои мудири махсуси он қатъ карда шудааст.

Дар робита ба шикояти Самадова С. ба хабарнигори Радиои Озодӣ бояд гуфт, бинобар маълумоти пешниҳоднамудаи мудири махсуси ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” аз 12 августи соли 2024, номбурда дар феҳристи қарздеҳони бонк ба қайд гирифта нашудааст.

Новобаста аз он ки Бонки миллии Тоҷикистон ваколати ба фаъолияти мудирони махсус ва ташкилотҳои қарзии дар раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ қарордошта дахолат карданро надорад, роҳбарият ва воҳидҳои сохтории масъули БМТ зимни баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон бо мудирони махсуси ташкилотҳои қарзии молиявие, ки дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доранд, ҳамкорӣ намуда, шаҳрвандон барои амалҳои минбаъда ҷиҳати гирифтани маблағи боқимондаи пасандоз роҳнамоӣ карда мешаванд ва масъалаҳои зикршуда марҳила ба марҳила дар доираи имкониятҳои молиявӣ ҳалли худро меёбанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 4017

16.08.2024

Возврат к списку