Дар робита ба хабари Радиои Озодӣ аз 22 августи соли 2024 таҳти унвони "100 - сомониро намешиносанд. Мушкили нави терминалҳои "куҳна" иттилоъ медиҳем, ки дар ҳақиқат имрӯз на ҳамаи терминалҳои худкори худхизматрасони ташкилотҳои қарзӣ пулҳои коғазии 100 - сомонии намунаи навро қабул мекунанд.
Сабаби асосии ин мушкилӣ - истифодаи таҷҳизоти куҳнаи қабули пул дар баъзе терминалҳои ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми истифодаи терминалҳои худкор аз таҷҳизот ва хизматрасониҳои ширкатҳои хориҷӣ истифода менамоянд. Тибқи маълумот як адад таҷҳизоти зикргардида ҳудуди 600-750 доллари ИМА арзиш дошта, иваз намудани таҷҳизоти куҳна вақт ва маблағи муайянро талаб менамояд.
Бо назардошти далели мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур то 31 декабри соли 2024 чораҳои зарурӣ андешида, қабули пулҳои коғазии 100 - сомонии намунаи навро таъмин намоянд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 4224
03.09.2024