16 сентябри соли 2024 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати баландпояи идоракунандаи фондҳо ва таҳлилгарони сармоягузории ИМА ва Британия Кабир бо роҳбарии Президенти ширкати амрикоии “Trans – National Research” Марк Зивет мулоқот анҷом дод.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамсуҳбатони худро бо вазъи кунунии низоми бонкии кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳдории сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, омори низоми бонкӣ ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ ва қонунгузории низоми бонкӣ шинос намуда, изҳор дошт, ки новобаста аз фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ба мушоҳида расида, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин гардида истодааст.
Дар идома намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ва британиягӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуданд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз сафари ҳайати мазкур гузаронидани таҳлили макроиқтисодӣ ва арзёбии ҳамаҷониба, афзалиятҳои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ мебошад.
Дар охир, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад изҳори умед намуд, ки вохӯрии имрӯза барои тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат, густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории бахшҳои мухталифи иқтисодии кишварҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 6201
17.09.2024