23 сентябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо директори иҷроияи Алянс барои фарогирии молиявӣ (AFI) доктор Алфред Ханиг мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба пешрафту комёбиҳои сиёсати дастрасии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои ташкилот, татбиқи амалии стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар кишвар ва дигар самтҳои фарогирии молиявӣ, инчунин дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Алянс барои фарогирии молиявӣ - 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.
Қобили қайд аст, ки Алянс барои фарогирии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion) ташкилоти пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ буда, 90 мақомоти давлатии зиёда аз 80 кишвари дунё аъзои он мебошанд. Фаъолияти AFI ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар кишварҳои аъзо равона гардида, Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2011 узви комилҳуқуқи он мебошад ва аз имкониятҳои узвият дар ин ташкилот самаранок истифода мебарад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1972
23.09.2024