Семинар дар мавзуи “Муҳиммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон“

Ахбор

Семинар дар мавзуи “Муҳиммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон“


25 сентябри соли ҷорӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586 ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Фаъолияти фаҳмондадиҳии муҳтаво ва муҳиммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон дар бонкҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе” семинари машваратӣ-омӯзишӣ баргузор гардид.

NBTL9926.jpg

Дар кори семинар муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, намояндагони як қатор ташкилотҳои қарзии кишвар ва гурӯҳи калони волонтёрон иштирок доштанд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки рушди босуръати технология ва тағйирёбии ниёзҳои замони муосир ҷузъи муҳимми ҳаёти имрӯза гардидааст. Аз ҷумла, зиёд шудани истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки амалиётҳои молиявӣ бидуни истифодаи пули нақд ба таври осон ва саривақт анҷом дода шаванд. Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ на танҳо дастрасии осон ба маҷмуи хизматрасониҳои молиявӣ, балки ба таври назаррас боло бурдани сатҳи амнияти молиявиро ифода менамояд. Вобаста ба ин, ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда дар ин самт иштироки фаъолонаи волонтёрон мувофиқи мақсад буда, қадами муҳим дар роҳи рушди устувори иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегардад.

NBTL9836.jpg

Дар навбати худ, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А.С. ба аҳаммияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷомеа ишора намуда, зикр кард, ки пардохтҳои ғайринақдӣ ба ташаккули иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намуда, барои идоракунии самараноки амалиётҳои молиявӣ шароит фароҳам меоранд.

NBTL9929.jpg

Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур ба иштирокдорон имкон медиҳад, ки дониши худро доир ба ин мавзуъ амиқтар намуда, маълумотҳои азхуднамударо дар фаъолияти минбаъда васеъ истифода баранд.

Сипас, мутахассисони низоми бонкӣ доир ба мавзуъҳои “Рақамикунанонии пардохтҳо: моҳият ва бартариятҳои он”, “Ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ”, “Муҳтаво ва муҳиммияти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ” ва “Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдор дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ” бо рӯнамо маъруза карда, ба саволҳои иштирокдорон посух доданд.

NBTL9892.jpg

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ таъкид гардид, ки фаъолияти тарғиботии волонтёрон дар самти истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим буда, ба ин васила онҳо метавонанд дар рушди ҷомеа, пешбурди пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 905

25.09.2024

Возврат к списку