Семинар оид ба стандартҳои ФАТФ

Ахбор

Семинар оид ба стандартҳои ФАТФ


Аз 23 то 27-уми сентябри соли 2024 дар ш. Душанбе семинари Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) дар бораи стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ ташаккул додани фаҳмиши амиқ оид ба стандартҳои ФАТФ ва хусусиятҳои татбиқи онҳо дар кишварҳои аъзои ГАО мебошад.

NBTL9569.jpg

Дар семинар зиёда аз 60 нафар намояндагони давлатҳои аъзои ГАО, аз ҷумла кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз вазорату идораҳои гуногун иштирок намуданд.   

Намояндагони Котиботи ГАО (тренерҳо) оид ба таҷриба ва донишҳои андӯхтаашон дар самти татбиқи стандартҳои ФАТФ дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили фаъолияти ҳуқуқӣ, танзиму назорати субъектҳои ҳисоботдиҳанда, инчунин заминаи ҳуқуқии фаъолияти низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) мубодилаи афкор намуданд. Илова ба ин, дар давоми ҳафтаи чорабинӣ дар баробари омӯхтани стандартҳои ФАТФ барои иштирокдорон машғулиятҳои амалӣ низ доир гардиданд.

NBTL9563.jpg

Боиси қайд аст, ки ҳуҷҷати асосии ФАТФ маҷмуи чораҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ташкили низоми самараноки мубориза ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро дар ҳар як кишвар дар бар мегирад ва аз 40 тавсия иборат мебошад. Тавсияҳои ФАТФ маҷмуи қоидаҳое мебошанд, ки фаъолияти бахшҳои молия ва бонкӣ, соҳибкорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва номгӯи тадбирҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва маблағгузории терроризмро танзим мекунанд.

NBTL0094.jpg

Дар анҷоми семинар ба иштирокдорон сертификат тақдим карда шуд, ки ба омӯзиши минбаъда ва ба сифати коршиносон – баҳогузорони самти МҚД/МТ фаъолият кардани онҳо мусоидат менамояд.

NBTL9598.jpg

Департаменти
мониторинги молиявӣ

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2384

27.09.2024

Возврат к списку