1 октябри соли ҷорӣ дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайти коршиносони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ширкатҳои “ConsumerCentriX” ва “International Project Consult (IPC) GmbH” лоиҳаи “Маблағгузории соҳибкории занон” (WE Finance Code) муҳокима гардид.
Ҷонибҳо вобаста ба оғози кори лоиҳа, ҳолати кунунии ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумот дар бораи фаъолияти занони соҳибкор, таҳияи нақша барои беҳтар намудани инфрасохтори маҳалӣ ҷиҳати дастгирӣ дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар бахши молиявии кишвар табодули назар намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии маблағгузории занони соҳибкор таҳия гардидааст. Ҳадафи ин ташаббус ташкили заминаи мусоид барои васеъ намудани имкониятҳои маблағгузорӣ ба соҳибкории занон мебошад.
Шуъбаи матубот
Диданд: 805
02.10.2024