Вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ


8 октябри соли ҷорӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии коршиноси калони бахши молияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе мулоқот доир намуд.

01a.jpg

Зимни мулоқот ҷонибҳо раванди марҳилаи дуюми лоиҳаҳои “Устувор намудани бахши молиявӣ” ва “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таъсири хавфҳои тағйирёбии иқлим ба низом, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, такмили заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар кардани хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, таъмини устувории низоми пардохт, маблағгузории иқтисоди сабз, таҳияи пойгоҳи ягонаи маълумоти оморӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти афзояндаи бахши молиявӣ дар сабзгардонии иқтисод бо институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба муассисаҳои молиявии кишвар дар таҳия ва татбиқи таҷрибаи беҳтарини ESG, татбиқи барномаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии хавфҳои экологӣ кумак мерасонад ва пайваста ба сӯи стандартҳо ва таҷрибаи беҳтарини эътирофшудаи байналмилалӣ ҳаракат мекунад.

02.jpg

Дар қисмати ниҳоии мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода саҳми Бонки Ҷаҳониро дар самти дастгирии кӯшишҳои муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ назаррас арзёбӣ намуда, ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайвастаи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, миннатдорӣ баён кард.

Дар навбати худ, роҳбари ҳайати бахши молияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличениз аз натиҷаҳои бадастовардаи бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки Ҷаҳониро барои ҳамкории минбаъда иброз дошт.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1265

08.10.2024

Возврат к списку