9 октябри соли ҷорӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) мулоқоти маҷозӣ анҷом дод. Дар мулоқот масоили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи “Барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул (Assets based Finance)” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Зимни мулоқот ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ вобаста ба лоиҳаи маблағгузорӣ дар асоси дороиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи меъёрии ҳуқуқии он таҳлили худро тавассути рӯнамо пешниҳод намуд. Дар рӯнамо дар бораи фарогирии барнома ва натиҷаҳои арзёбии ташхисӣ, пешниҳод ва тавсияҳои асосӣ, қоидаҳои иҷозатномадиҳии фаъолият ва назорат, маблағгузорӣ дар асоси дороиҳо дар заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили усули танзими пруденсиалӣ шарҳу тавзеҳи муфассал манзур гардид.
Инчунин, қайд гардид, ки дар доираи Харитаи роҳ ҷиҳати такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маблағгузорӣ оид ба таъмини дороиҳои манқул, корҳои иттилоотиву тавзеҳӣ ва афзун намудани иқтидори тарафҳои манфиатдор ҳанӯз иҷрои чорабиниҳои зиёд дар назар дошта шудааст.
Дар охир, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул муколама ва ҳамкориро идома хоҳанд дод.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1478
11.10.2024