Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №45 аз 29 сентябр, №46 аз 4 октябр ва №47 аз 9 октябри соли ҷорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ДС Суғурта”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти суғуртавии Бима» тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатномаҳои фаъолияти суғуртавӣ дода шуд. Дар асоси қарорҳои мазкур иҷозатномаҳои собиқи ташкилотҳо аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор мешавад, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокдорони касбии бозори суғурта ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сабти дахлдорро ворид намояд.    

Ҳамин тавр, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №48 аз 9 октябри соли 2024 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эковис» иҷозатномаи фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои суғуртавӣ дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сабти дахлдорро ворид намояд.

Ҳамзамон, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №17 аз 19 сентябри соли 2024 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КВИКПЕЙ” барои фаъолияти операторӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КВИКПЕЙ” ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ворид карда шуд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1788

09.10.2024

Возврат к списку