Ахбор

Ба “UnionPay International Co. Ltd” иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2024, №51 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба “UnionPay International Co. Ltd.” барои фаъолияти оператории низоми пардохт иҷозатнома дод шуд.

Департаменти низоми пардохт ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сабти дахлдорро ворид намуд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2895

15.10.2024

Возврат к списку