Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 42, 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаҳои 7, 10, 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва моддаҳои 8, 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои фаъолияти бонкӣ ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
.jpg)
Дар маросими супоридани иҷозатнома раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ба и.в. раиси Раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон“ Нисинбаев Даурен Ертаевич суҳбат анҷом дода, ҷиҳати васеъ намудани шабакаи фаъолияти бонк, ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, зиёд намудани хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои рақамӣ дастуру тавсияҳо дод.
Дар навбати худ, и.в.раиси Раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” Нисинбаев Д.Е. изҳор намуд, ки ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои мавқеи муносиб пайдо намудан дар бозори хизматрасониҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо ва дастуру тавсияҳои додашуда истифода мебарад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 5810
16.10.2024