Ахбор

Cеминар: “Салоҳияти гендерӣ барои бонкдорон”


Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 то 11 октябри соли 2024 дар Маркази таълимии шаҳри Гулистон барои намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар мавзуи “Салоҳияти гендерӣ барои бонкдорон” семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

1.jpg

Мақсади баргузории чорабинӣ ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути рушди неруи инсонӣ, таъмини баробарии гендерӣ, татбиқи стратегияю барномаҳо вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва васеъ намудани фарогирии молиявии занон ба ҳисоб меравад.

Дар машғулиятҳои омӯзишӣ мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ба иштирокдорон вобаста ба муҳиммияти баробарии гендерӣ дар соҳаҳои молиявию бонкӣ, нишондиҳандаҳои омории гендерӣ, роҳҳои баланд бардоштани нақши занон дар низоми бонкӣ тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, раванди татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва ҷанбаҳои гендерӣ дар он, дастрасии бонувони соҳибкор ба хизматрасониҳои молиявӣ, баробарии гендерӣ ва суботи молиявӣ бо шарҳи натиҷаҳои тадқиқоти эмпирикӣ ва ҷанбаҳои гендерии ҳадафҳои рушди устувор бо рӯнамо баромад намуда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими нақши зан дар ҷомеа суханронӣ намуданд.

DSC_6944.jpg

Зимни чорабинӣ бо иштирокдорон ҳамзамон оид ба масоили пешсафии занон, афзун намудани маҳорати роҳбарӣ, аз қабили одоби муошират ва гузаронидани гуфтушунид, зеҳни эҳсосотӣ, шунавоии фаъол, мутавозунӣ дар ҳаёт ва ғайра тренинги омӯзишӣ гузаронда шуд.

Дар хотима ба иштирокдорони семинари омӯзишӣ сертификат супорида шуд.

Идораи суботи молиявӣ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 3320

17.10.2024

Возврат к списку