Бинобар тағйир ёфтани суроғаи ҳуқуқии Вестерн Юнион Нетворк (Фаронса), бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Вестерн Юнион Нетворк барои фаъолияти оператории низоми пардохтии “Вестерн Юнион” тавассути аз нав ба расмият даровардан иҷозатнома дод шуд.
Департаменти низоми пардохт ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сабти дахлдорро ворид намуд.
Диданд: 2799
21.10.2024