Аз 21 то 26 октябри соли равон дар шаҳри Вашингтон (ИМА) ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2024 гузаронида мешавад.
Дар кори ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҳамасола намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ (миллӣ), вазоратҳои молия, фондҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, агентиҳои байналмилалӣ ва роҳбарони бахшҳои хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрам аз ҷумлаи дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ, идоракунии дороиҳои давлатӣ дар шароити феълӣ, сармоягузориҳои устувор, интегратсияи иқлим ва табиат, нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, мушкилоти амалиётӣ ва шаклҳои гуногуни кумаки самаранокро муҳокима ва баррасӣ менамоянд.
Ҳамзамон, дар баробари мулоқоту вохӯриҳои кории ҳайатҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар ҳошияи ҷаласаҳо, барои доираи васеи ширкаткунандагон семинарҳо, брифингҳо ва дигар чорабиниҳо бахшида ба иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва низоми молиявии ҷаҳонӣ доир мегардад.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор намояндагӣ мекунанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2664
21.10.2024