Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иваз шудани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фазо С” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди ЛОЛС “Молия” мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди ЛОЛС “Молия” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Ба департаменти назорати бонкӣ ва департаменти низоми пардохт супориш дода шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд, Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид намоянд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1776
10.10.2024