Вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария

Ахбор

Вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария


22 октябри соли ҷорӣ раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел дар шаҳри Вашингтон (ИМА) мулоқот доир намуд.

01.jpg

Толибзода Фирдавс дар оғоз Мартин Шлегелро ҷиҳати таъйин гардидан ба вазифаи муҳим ва масъулиятнок табрик намуда, дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманд ва муаррифии фаъолонаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария дар Шӯрои директорони ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ, ҷиҳати боз ҳам тавсеа бахшидан ба муносибатҳо дар самти устувории низоми бонкӣ даъват ба амал овард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба ҳамкориҳои кунунӣ дар самти кӯмаки техникии Бонки миллии Швейтсария оид ба рушди иқтидорҳо (capacity building) ва ҳамкориҳои минбаъда оид ба рақамисозӣ ва масоили иқлимӣ, шаклҳои пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои байналмилалӣ табодули назар намуда, изҳор доштанд, ки робитаҳои дӯстона, зич ва самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария минбаъд низ самарабахш идома хоҳанд ёфт.

Худи ҳамин рӯз, раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо ҳайати бонки сармоягузории фаромиллии швейтсариягӣ “UBS” мулоқот анҷом дод.

02.jpg

Ҷонибҳо дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои молиявӣ, тамоюли сармоягузорони соҳибихтиёр, вазъи бозори молиявӣ ва хавфҳо мавҷуда ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.


Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1640

23.10.2024

Возврат к списку