Мулоқотҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарикунандаи Хазинаи Байналмилалии Асъор

Ахбор

Мулоқотҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарикунандаи Хазинаи Байналмилалии Асъор


22 октябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИМА вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С бо директори Департаменти кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Ҷиҳод Азур доир гардид.

01.jpg

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба раванди татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument - PCI), пешравиҳо дар он, инчунин баррасии марҳилаи аввали татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат ва нақшаҳои минбаъда дар доираи татбиқи барнома сӯҳбат намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ инчунин самтҳои дигари ҳамкорӣ муҳокима гардид. Аз ҷумла, бо ишора ба нақши ХБА дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори инсонӣ масоили баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисон дар бахши таҳкими иқтидори моделсозӣ ва пешгӯӣ, инчунин омори пулию қарзӣ, таҳлили хавфҳои низоми молиявӣ ва хавфҳои иқлимӣ, ҳамзамон ҷалби кӯмаки техникӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи маблағгузории сабз муҳим арзёбӣ шуд.

Рӯзи 24 октябр дар мулоқоти дуҷонибаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини директори идоракунандаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Ли масъалаҳои раванди татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои маблағгузории сабз, рақамисозии иқтисодиёти кишвар, ҳамгироии тамоми равандҳои тиҷорат ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мавриди суҳбат қарор гирифт.

Қайд гардид, ки ҷиҳати татбиқи афзалиятҳои гузошташуда муколамаи доимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор муҳим буда, он ба суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунад.

02.jpg

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Ю.Х, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода П.Ҳ ва директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори БМТ Бояков З.Ғ намояндагӣ намуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1583

24.10.2024

Возврат к списку