Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон, 23 октябр раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С. дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои иқтисодӣ ва чораҳои андешидашуда оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ муҳокима гардид.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки сатҳи воқеии савдо байни кишварҳо нисбат ба имкониятҳои мавҷуда хеле паст буда, кишварҳои арабии Халиҷи Форс метавонанд сармоягузориро ба бахши энергетикаи кишварҳои Қавқоз ва Осиёи Марказӣ, махсусан ба лоиҳаҳои неруи барқароршаванда афзоиш диҳанд.
Зимнан, дар доираи ҳамоиш иштирокдорон ҷиҳати густариши робитаҳои иқтисодӣ, бо ишора ба монеаҳои асосие, ки дар роҳи афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ байни минтақаҳо истодаанд, оид ба масоили коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ, маҳдудиятҳои тарофавӣ ва ғайритарофавӣ, рушди инфрасохтору логистика, таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва ҷолиб намудани фазои соҳибкориву идоракунӣ табодули назар карданд.
Дар доираи барномаи ҷаласаҳои солона рӯзи 24 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар мулоқоти вазирон ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо муовини директори идоракунандаи ХБА ҷаноби Бо Ли иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар қисмати дигари рӯз, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. тибқи барномаи ҷаласаҳои солона дар машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ширкат варзид.
Зимни нишасти машварати нисфирӯзӣ ба мудирони ХБА шарҳи вазъи монетарии минтақа манзур гардида, иштирокдорон вобаста ба маблағгузории лоиҳаҳои мубориза бо тағирёбии иқлим, омода кардани бахшҳои молиявӣ ба ояндаи сабз, стратегияҳои баланд бардоштани омодагӣ ва устувории бахшҳои молиявӣ, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва нақши мақомоти директивӣ дар коҳиш додани хатарҳои марбут ба иқлим дар бахшҳои молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1909
24.10.2024