25 октябри соли ҷорӣ дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо роҳбари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гулбаҳор Назирӣ аз ҳамкории судманди Созмони Байналмилалии Муҳоҷират бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми созмонро дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тавассути баргузории семинару машғулиятҳои омӯзишӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати иҷрои нақшаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 баҳри ривоҷ додани сифати хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ, хусусан дар самти васеъ гардонидани имкониятҳо ва шароити беҳтар барои муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Роҳбари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар навбати худ омодагии созмонро ҷиҳати тақвият ва густариши муносибатҳои минбаъда изҳор намуда, қайд кард, ки пешниҳодҳо оид ба лоиҳаҳои нав вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мавриди омӯзиш қарор дода хоҳанд шуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1969
25.10.2024