Аз 21 то 24-уми октябри соли 2024 бо кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ иштирокдорон аз мақомоти давлатӣ, ба монанди вазоратҳои адлия ва молия, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда (бахусус ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, идораҳои букмекерӣ, ломбардҳо, идораи нотариусҳои давлатӣ ва ғайра) масъалаҳои баҳодиҳии хавфҳои МҚД/МТ/МПСҚО-ро дар фаъолияти корӣ баррасӣ намуданд.
Дар семинар коршиноси Бонки Осиёии Рушд ба иштирокдорон оид ба таҷрибаҳои муосир ҳарф зада, лоиҳаҳои “Роҳнамо дар бораи тартиби гузаронидани санҷиши субъектҳои ҳисоботдиҳанда аз ҷониби мақомоти назоратӣ (вазоратҳои адлия ва молия, Бонки миллӣ ва Хадамоти алоқа) дар самти МҚД/МТ/МПСҚО”, “Матритсаи баҳодиҳии хавфи ҚД/МТ/МПСҚО барои мақомоти назоратӣ” ва “Методологияи баҳодиҳии хавфи ҚД/МТ/МПСҚО барои бахши хусусӣ” ва истифодабарии онҳоро дар раванди корӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ коршинос ба иштирокдорон корҳои амалиявӣ дар доираи “Матритсаи баҳодиҳии хавфҳо” гузаронида, тартиби истифодабарии ҳуҷҷати мазкур ва мутобиқнамоии онро барои ҷорӣ намудан ба воқеиятҳои фаъолияти корӣ шинос намуд.
Дар назар аст, ки лоиҳаҳои маводҳои аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ таҳияшуда пас аз баррасӣ бо ҷонибҳо тасдиқ ва дар фаъолияти кории мақомоти назоратӣ ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда истифода бурда мешавад.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 1805
25.10.2024