30 октябри соли 2000 яке аз рӯзҳои хотирмони таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз пули миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуда ва соли ҷорӣ пули миллӣ - “сомонӣ” 24 сола мешавад.
Ба миён гузоштани масъалаи барориши пули миллӣ яке аз ташаббусҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи бонкдории мамлакат мебошад. Бо пешниҳоди Сарвари давлат пули миллӣ нахуст дар асоси қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 1995 бо номи рубли тоҷикӣ ба муомилот бароварда шуда буд.
Сипас, бо назардошти тағйирёбии муҳити иқтисодию иҷтимоӣ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки шахсан Гурӯҳи кориро оид ба муомилот баровардани пули нави миллӣ роҳбарӣ мекарданд, 26 октябри соли 2000 бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии «сомонӣ» ба имзо расид.
Тибқи ин фармон аз 30 октябри соли 2000 “сомонӣ” воҳиди пули Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, дар тамоми қаламрави кишвар ҳамчун воситаи ягонаи пардохт муқаррар гардид.
Дар пулҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудааст.
Ҳоло дар кишвар пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ ва тангаҳои филизии арзишашон 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам дар муомилот истифода бурда мешаванд.
Ба муомилот ворид гаштани пули миллӣ дар таъмин ва таҳкими истиқлолияти мамлакат нақши муҳим бозида, дар ташкили низоми пулӣ ва татбиқи воқеии барномаи ислоҳоти иқтисодӣ замина гузошт.
Имрӯз пули “сомонӣ” ҳамчун яке аз рамзҳои муҳим ва асосии давлатдории кишвар дар инкишофи муътадили тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи боэътимоди молиявӣ хизмат мекунад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1603
30.10.2024