Дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ

Ахбор

Дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” дархости Фонди қарзии хурди “Барор” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ гардид.

Иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Барор” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 21 декабри соли 2012 бозхонд ва аз эътибор соқит дониста шуд.

Дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори Фонди қарзии хурди “Барор” вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии фонди қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Ҳамзамон, комиссияи барҳамдиҳӣ уҳдадор карда шуд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 1741

30.10.2024

Возврат к списку