31 октябри соли 2024 бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (WB-IFC), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, дафтари USAID дар Тоҷикистон, “Accelerate Prosperity”, IFAD ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии молиявӣ бо унвони “ESG - ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди кишвар” баргузор гардид.
.jpg)
Дар қисмати ифтитоҳии Форум муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, директори дафтари Швейтсария, Консули консулгарии Швейтсария дар Тоҷикистон Саломе Штайб, директори Дафтари рушди иқтисоди USAID Агата Сектор, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мералӣ Бодуршозода, роҳбари Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Фарух Султонов ва директори департаменти молияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев доир ба рӯзмарра будани мавзуи форум, таҳияи санадҳои дахлдор вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG), ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур, таҳияи нақшаи гузариш ба ҷанбаҳои сабз, рушди бозори вомбаргҳои сабз, ҷорӣ намудани принсипҳои маблағгузории устувор тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, дар маросими тантанавӣ ба як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ, кормандони фаъол ва собиқадори низоми бонкии кишвар Ифтихорнома ва нишони Аълочии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки кори форум ба ду қисмат тақсим гардида, дар қисмати ҷаласаҳои пленарӣ мутахассисони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои молиявии қарзӣ ва ширкатҳои рақамии кишвар оид ба мавзуъҳои “ESG – масъалаҳои ҷорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин дар сармоягузории масъулиятнок”, “Парадигмаи нави ESG дар стратегияи сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Вазъи кунунӣ ва рушди минбаъда дар Тоҷикистон”, “Инноватсия дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ ба корхонаҳои хурду миёна – ҳамчун омили ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор” ҳарф зада, аз таҷрибаҳои худ ҳангоми қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG) бо иштирокдорон табодули назар намуданд.

Дар қисмати муҳокимаҳои панелӣ мавзуъҳои рушди маблағгузории сабз дар муассисаҳои молиявии Тоҷикистон, маҳсулоти муосири молиявӣ барои рушди устувор, финтех – ҳамчун омили рушди сармоягузорӣ, рушди соҳибкории занон ва ҷавонон дар асоси принсипҳои ESG – стратегияи дарозмуддат барои бунёди тиҷорати муваффақ ва устувор бо назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаи беҳтарин барои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3961
31.10.2024