Ахбор

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ


8 ноябри соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шуро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ҳайати кумитаи иҷроия, роҳбарони гурӯҳҳои кории Стратегия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ ширкат варзида, раванди татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия дар соли 2023 ва нимсолаи якуми соли 2024-ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

01.jpg

Раиси Шуро - раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни маъруза қайд намуд, ки дар замони рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ фарогирии молиявӣ воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои босифати молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди устувори низоми бонкӣ ва бахши молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар кишвар нақши муҳимро иҷро менамояд. Бо назардошти ин омилҳо дар доираи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2026 беҳтар намудани иқтидори шабакаҳои таҳвил ва хизматрасонии молиявии рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти молиявии гуногуншакл, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ ва саводнокии молиявӣ самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

02.jpg

Зикр гардид, ки ҷиҳати васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба васеъ намудани инфрасохтори пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, мушаххаскунии фосилавӣ, ҷорӣ намудани механизми бонкдории кушода тавассути интерфейси кушодаи барномавӣ, таъмини ҳамгироии мутақобилаи кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва истифодаи QR-рамзи ягона ва ғайра таҳия карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон механизми баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ қабул карда шуда, ҷиҳати таъмини низоми боэътимоди назорати рафтори иштирокдорони бозори хизматрасониҳои молиявӣ, назорати фосилавӣ ва санҷиш дар ҷойҳо (онсайт ва оффсайт) гузаронида мешавад.

03.jpg

Дар идома, роҳбари Кумитаи иҷроияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Фарухруз Мамадалиев ба иштирокдорони ҷаласа оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва нимсолаи якуми соли 2024 бо рӯнамои муфассал суханронӣ кард.

Дар қисмати муҳокимаи раванди иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни иштирокдорони ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.

Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии БМТ

Telegram  Facebook

Диданд: 3284

08.11.2024

Возврат к списку