Ахбор

Шурои бонкҳои марказии Авруосиё дар Тоҷикистон


12 ноябри соли ҷорӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон “Маҷмааи Хуталон” ҷаласаи 51-уми Шурои бонкҳои марказии (миллии) Авруосиё баргузор гардид. Дар кори ҷаласа рoҳбарон ва намояндагони бонкҳои марказии ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Бонки байнидавлатӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

NBTL2870.jpg

Дар рафти ҷаласа иштирокдорон оид ба масоили вазъи тавозуни пардохт ва динамикаи захираҳои байналмилалӣ, натиҷаҳои пурсиш оид ба суботи молиявӣ дар бахши бонкӣ, таҳлили муқоисавии фаъолияти танзимгарон дар самти ESG, татбиқи самтҳои асосии стратегияҳои миллии дастрасии молиявӣ дар кишварҳои аъзо, таҳлили муқоисавии меъёрҳои асосии ташкилотҳои қарзӣ, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозии рушди низомҳои пардохти миллӣ, барномаи таълими касбии кормандони бонкҳои марказӣ, ҳисоботи кори шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти аудитории бонкҳои марказӣ (миллӣ), фаъолияти Шурои машваратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, барномаи фаъолияти Шурои бонкҳои марказии (миллии) Авруосиё дар солҳои 2025-2026 ва баргузории ҷаласаи 52-юми Шурои бонкҳои марказии (миллии) Авруосиё мубодилаи афкор намуданд.


Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3510

12.11.2024

Возврат к списку