Рӯзҳои 12-13 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси минтақавӣ дар мавзуи “Маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, вазоратҳои молия ва идоракунии қарз, танзимгарони низоми молиявӣ, аз ҷумла, бонкҳои марказӣ ва мақомоти назорати суғуртавӣ, ширкатҳои суғуртаи маҳаллӣ, ширкатҳои азнавсуғуртакунии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, муҳаққиқон, коршиносони бахши маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки ба маблағгузории хатари офатҳои табиӣ дар минтақа машғуланд, иштирок варзиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Шамсулло ва дигар масъулини идораҳои дахлдор намояндагӣ намуданд.
Дар конфронс ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории устувори давлатӣ аз рӯйи хавфҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва идоракунии хавфҳо дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардида, иштирокдорон оид ба нақши давлат дар суғуртаи офатҳои табиӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва равандҳои инноватсионии маблағгузории хатарҳо аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тавассути ба роҳ мондани фишангҳои суғуртавӣ табодули назар намуданд.
Ҳадаф аз баргузории конфронс гирд овардани ҷонибҳои манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор баҳри баланд бардоштани устувории молиявӣ ба хатарҳои афзояндаи офатҳои табиӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Қобили қайд аст, ки дар конфронси мазкур масъалаҳои мубрами соҳа матраҳ гардида, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам ва равишҳои инноватсионӣ дар самти маблағгузории хавфи офатҳои табиӣ ва суғуртакунии он, инчунин раванди барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақа маводу маълумотҳои муфид пешниҳод карда шуданд. Табодули таҷрибаи пешқадам бо истифода аз маводҳои мазкур метавонад ба рушди босуботи соҳаи суғуртаи кишвар мусоидат намояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2974
13.11.2024