Ахбор

Дастовардҳои низоми бонкӣ аз ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд


14 ноябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 32-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва шаҳраки Ғарм (ба таври маҷозӣ) чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

01.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни маърӯза бо ишора ба моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз муҳиммият ва таҷлили санаҳои фархунда сухан намуда, изҳор дошт, ки “ба хотири эҳтирому эътирофи сиёсати давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу субот, ваҳдати мардуми тоҷик ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ҳама дар маҷмуъ, ба салоҳияту фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент қабул шудааст. Ва азбаски мақоми Президент, шакли идораи президентӣ аз муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон бармеояд, бинобар ин, ин мақом дар баробари дигар рамзҳои давлатдорӣ аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад”.

02.jpg

Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибихтиёрӣ эътиқоди халқи Тоҷикистон нисбат ба шакли идораи президентӣ ва Президенти кишвар бараъло мушоҳида шуда, мардум ба Пешвои худ ихлос, эҳтиром ва муҳимтар аз ҳама эътимод пайдо намуданд.

Мардуми Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Сарвари худро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба назар гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро сазовор донистанд.

03а.jpg

Бо ҷорӣ гардидани шакли идораи президентӣ ва саъю кӯшиши Пешвои миллат мамлакат рӯ ба ободӣ овард. Чор ҳадафи муҳимми стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлат мебошанд.

- Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Тоҷикистон соҳиби пули миллии сомонӣ гардид, ки ҳоло аз ҷиҳати қурб яке аз пулҳои устувори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи асосии пардохт мебошад. Дар маҷмуъ, ҳамаи дастовардҳои низоми бонкии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастгирӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат алоқаманд мебошанд, - зикр намуд Фирдавс Толибзода.

4.jpg

Дар идомаи ҳамоиш мутахассисон ва намояндагони созмони ҷавонону бонувони бонк оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дар васфи ин ҷашнҳои фархунда шеърҳо қироат карданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2986

14.11.2024

Возврат к списку