Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Стандарт Молия” ва ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди «Бизнес Капитал» ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Ба департаменти назорати бонкӣ ва департаменти низоми пардохт супориш дода шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд, Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид намоянд.

Инчунин, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди «Сандуқ» барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “равзанаи бонкии исломӣ” дар шакли филиал бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Департаменти назорати бонкӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ, “равзанаҳои бонкии исломӣ” ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта маълумоти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2002

08.11.2024

Возврат к списку