Аз 13 то 15 ноябри соли 2024 бо ташаббуси маркази омӯзишӣ – методии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии омӯзишии навбатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) гузаронида шуд.

Дар семинар зиёда за 25 нафар корманди бахши амалиётии ташкилотҳои амонатии қарзии хурди дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, ки бевосита ба муштариён хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамоянд, ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ директори департаменти мониторинги молиявӣ Мирзоалиев Ҳ. С. вобаста ба муҳиммияти мавзуи семинар дар шароити кунунии рушди илму технология, хавфҳои вуҷуддошта дар ин самт ва дар ин замина баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони низоми бонкӣ суханронӣ намуд.
Сипас, тибқи барномаи омӯзишӣ аз ҷониби лекторон ба иштирокдорон вобаста ба низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар ва нақши ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт маълумот дар шакли рӯнамо пешниҳод карда шуд.
Дар рафти семинар оид ба таҷрибаи амалиявӣ мавзуъҳо пешниҳод гардида, вобаста ба камбудиҳое, ки дар рафти санҷиши ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ошкор намудаанд, байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар баробари ин, бо мақсади такмили дониши тахассусии иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ гузаронда шуда, дар интиҳо ба иштирокдорон сертификат супорида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО баргузории чунин чорабиниҳоро мунтазам ба роҳ мемонад.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 2971
15.11.2024