Дар доираи кори конфронси минтақавӣ дар мавзуи “Маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ”, ки бо ташаббуси Бонки Ҷаҳонӣ 12-13 ноябр дар шаҳри Остона (Қазоқистон) баргузор гардид, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ҳамчун намояндаи мақоми назорати суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Дар мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкории муфид дар рушди бахши молиявӣ ва суғурта бо Бонки Ҷаҳонӣ ҳарф зада, қайд кард, ки ҳамоиши мазкур барои беҳтар кардани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолии минтақа ва рушди соҳаи суғурта аҳаммияти муҳим дорад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаҳо дар самти суғуртаи офатҳои табиӣ, ки метавонад ба бартараф кардани талафот ба кишварҳои минтақа кӯмак кунад, хеле муфид мебошад.
Зимни мулоқот инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди бонизоми бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан тавассути ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадами механизмҳои муосири суғуртаи офатҳои табиӣ, суғуртаи кишоварзӣ, суғуртаи кишт ва ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо барои тавсеи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2400
15.11.2024