Ахбор

Баррасии дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия


Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ ва иқтисодӣ, фароҳам овардани заминаи устувор барои рушди равобити дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, инчунин баррасии масъалаҳои рушди низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо шумули раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода  дар доираи як барномаи корӣ аз 17 то 26 ноябри соли ҷорӣ ба кишварҳои Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд сафари корӣ анҷом медиҳанд.

photo_2024-11-18_12-26-23.jpg

17 ноябр дар доираи ин сафар, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо валиаҳди салтанати Негери Сембилан ҷаноби Тунку Али Резауддин мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар бахшҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ инчунин дигар мавзуъҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рӯзи 18-уми ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сарвазири Малайзия ҷаноби Юсуф Фадиллаҳ ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, таъсиси платформаҳои муштарак барои содирот ва воридот, ҳамчунин сармоягузорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, ба монанди энергетика, кишоварзӣ ва инфрасохторӣ муҳим арзёбӣ мешаванд.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар ҷараёни мулоқотҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар низоми бонкӣ ва суғуртаи Тоҷикистон, ҳамкории низоми бонкии кишварҳо ва дар ин замина кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ҳарф зада, бо ишора ба нақши муҳимми сармоягузориҳои бонкӣ ва фаъолиятҳои молиявии байналмилалӣ қайд намуд, ин тадбирҳо метавонанд дар рушди иқтисоди тарафҳо таъсири мусбат дошта бошанд.

photo_2024-11-18_12-26-24.jpg

Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби Малайзия даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз имкониятҳои мавҷуда дар самтҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз наздик шинос шуда, барои густариши ҳамкориҳо дар оянда замина гузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамин рӯз бо роҳбарияти ширкати “Public Gold” дар Малайзия, ки бо истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти қиматбаҳо аз тилло ва нуқра машғуланд, вохӯрда, бо тарзи истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулот ошно гардиданд.

Шуъбаи матбуот

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 3215

19.11.2024

Возврат к списку