Ахбор

Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба низоми бонкӣ ва суғуртаи Тоҷикистон дар Малайзия


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо шумули раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, 18 ноябр дар Форуми сармоягузориву тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия иштирок намуда, вобаста ба аҳаммияти муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо, иқтидорҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, энергияи барқароршаванда, саноат, металлургия ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар низоми бонкӣ ва суғуртаи кишвар бо пешниҳоди рунамо маърӯза намуданд.

форум[1].jpeg

Аз ҷумла, аз ҷониби муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Ф.Ҳ. доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши молиявӣ, сохтори низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи софи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, ҳиссаи сармояи хориҷӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, вазъи кунунии муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва даромаднокии бахши бонкӣ ва суғурта маърӯзаи муфассал пешниҳод гардида, ба саволҳои соҳибкорону сармояузорон посухҳои мушаххас дода шуд.

photo_2024-11-19_15-25-35[1].jpg

Дар ҳошияи Форум инчунин дигар вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои бузурги Малайзия баргузор гардида, дурнамои ҳамкории иқтисодӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

photo_2024-11-18_12-26-30[1].jpg

photo_2024-11-19_06-41-17[1].jpg

Инчунин, дар мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон бо вазири молияи Малайзия ҷаноби Датук Сери Амир Ҳамза Азизан, роҳбарияти бонки Малайзия Malayan Banking Berhad "Maybank" ва Бонки исломии "Maybank" ҷонибҳо ба масоили ҳамкорӣ дар бахши молия ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, вобаста ба таъсиси бонк ва ё филиали бонкҳои Малайзия дар Тоҷикистон, кушодани суратҳисобҳои мутақобилаи муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявии ҳар ду кишвар ва рушди қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, доир ба рушди устувори иқтисодӣ, тақсимоти одилонаи захираҳо ва ҳифзи сармоягузорӣ табодули назар карданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин гуфтушунидҳо намояндагони фондҳои бузурги Малайзия: KWSP, PNB, Khazanah ва Tabung Haji низ иштирок доштанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3261

19.11.2024

Возврат к списку