Ахбор

Баррасии ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Сингапур ва DBS Bank


21 ноябр дар доираи сафари корӣ ба давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири аршади давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва рушди миллии Сингапур хонум Сим Энн ба ҳузур пазируфт.

IMG-20241121-WA0023.jpg   

Дар вохӯрӣ масоили имкониятҳои ҳамкории дуҷониба ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди сабз, неруи сабз, зеҳни сунъӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, бонкдорӣ, инчунин ташкили давраҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маъмурикунонии андоз, молия ва гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи рӯз, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз дар Сингапур бо роҳбари Гурӯҳи муассисаҳои молиявии DBS Bank (Development Bank of Singapore) ҷаноби Йео Ҳонг Нам мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба стратегияҳои пешрафта дар самти идоракунии хавфҳо, дастгирии ташаббусҳо дар соҳаи маблағгузории сабз, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва суратҳисобҳои амонатӣ барои анҷом додани амалиёт бо асъорӣ хориҷӣ, имконияти истифодаи суратҳисоби кастодиянӣ ҷиҳати иштирок дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ, инчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории DBS Bank бо бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати судманд анҷом доданд.

IMG_20241121_190041_941.jpg      

Маврид ба зикр аст, ки DBS Bank яке аз бузургтарин бонкҳои Сингапур ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб рафта, доираи васеи маҳсулот ва хидматҳои бонкиро аз ҷумлаи бонкдории чакана, бонкдории корпоративӣ, идоракунии сарватҳо ва бонкдории сармоягузорӣ пешниҳод мекунад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2957

22.11.2024

Возврат к списку