Ахбор

Парчами давлатӣ — рамзи ифтихор аз ватандорист!


22 ноябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии васеи идона бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии бонк дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва шаҳраки Ғарм баргузор гардид.

01.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни табрику таҳният қайд намуд, ки Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлатдорӣ нишоне аз соҳибихтиёрӣ буда, барафрохтани парчам дар маросимҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ифтихор аз давлатдорӣ ва муаррифии кишвар ҳисобида мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишони давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи мардуми кишвар, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллӣ ормонҳои дурахшони миллати соҳибтамаддунамонро ифода менамояд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки он ҳамчун рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла, кормандони низоми бонкӣ қарор бигирад.

02.jpg

Қайд карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардида, се рукни муҳимми давлатдории имрӯза, яъне таҳкими пояҳои Истиқлол, қабули Парчами давлатӣ ва ба мақоми роҳбарии Тоҷикистон расидани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт, зимни баргузории иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст. Яъне ба фаъолияти давлатдорӣ шуруъ кардани Пешвои миллат аз адои савганди садоқат зери ҳамин парчам оғоз ёфта, барқарории сулҳу субот ва дигар музаффариятҳои минбаъдаи мардум, аз ҷумла бунёди нақбу роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан, бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои хурду калон ва дигар бунёдкориҳо зери ҳамин парчам идома доранд. Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва садоқат ба Парчами Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва боиси хушҳолист, ки ҳамасола дар кишвар ин сана бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдорӣ ҷашн гирифта мешавад.

03.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон аҳли ҳамоишро, ки аксариятро узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил медод, бо арафаи 30 солагии таъсисёбии ҳизб муборакбодӣ намуд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат мафкураи созандагӣ ва бунёдкориро зинда сохта, тули ин солҳо тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, некуаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳми босазо гузошта, барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишварамон мусоидат намояд.

Дар идомаи ҳамоиш, мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба Рӯзи Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, аз ашъори бузургон шеърҳо қироат карданд.

04.jpg

Дар анҷоми ҷамъомад раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки “бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ вуҷуди касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз ватандорӣ фаро мегирад. Бовар дорам, ин вожаҳо дар қалби ҳар кадоми мо маънии амиқ дошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии ҳар кадоми моро дучанд менамояд”.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 3302

22.11.2024

Возврат к списку